Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мусодираи 6 кило ҳероин аз шаҳрвандони тоҷик дар Маскав


Дар минтақаи шимоли шаҳри Маскави Русия пулис се шаҳрванди Тоҷикистонро ба иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир боздошт ва аз назди онҳо 6 килограмм ҳероинро кашф ва мусодира кардааст.

Хабаргузории ТАСС аз қавли дафтари матбуоти Раёсати Хадамоти назорат бар маводи мухаддир дар шаҳри Маскав дар ин бора хабар додааст.

Ин манбаъ гуфтааст, бар асоси маълумотҳои фаврӣ се шаҳрванди Тоҷикистон аз гурӯҳи қочоқбар ҳудуди 10-15 килограмм дарёфт карда ва қасд доштаанд дар бастаҳои хурд онро ба фурӯш расонанд.

Ҳамакнун ин се шаҳрванди Тоҷикистон боздошт шуда ва дар қиболи онҳо парвандаи ҷинойӣ боз шудааст.

XS
SM
MD
LG