Пайвандҳои дастрасӣ

«Хуҷанд»-и Хуҷанд аз тими фаластинии «Аҳлӣ Ал-Халил» бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрд ва аз ҳаққи ширкат дар сабқати гурӯҳии Ҷоми AFC-2016 маҳрум шуд.

Дастаи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд, ҷоизадори нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон, дар бозии плей-оффи Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2016 аз бошгоҳи фаластинии «Аҳлӣ Ал-Халил» бо ҳисоби 0:1 мағлуб гашт. Ин бозӣ шаби сешанбеи 9-уми феврал дар шаҳри Ҳеврон дар сарзаминҳои фаластинӣ баргузор шуд. Голи ягона ва ҳалкунандаро Маҳмуд Вадӣ дар дақиқаи 23-юм ба самар расонд.

Ҳайати «Хуҷанд» дар бозӣ муқобили «Аҳлӣ Ал-Халил»:

16. Алишер Тӯйчиев, 24. Далерҷон Тухтасунов, 2. Соҳибҷон Ҳакимов, 4. Эраҷ Раҷабов, 22. Манучеҳр Аҳмадов, 12. Ҳасан Рустамов, 13. Сафаралӣ Каримов (23. Дилшодҷон Каримов, 81), 10. Илҳомҷон Баротов, 6. Ҳоҷибой Зиёев, 15. Дилшод Бозоров (18. Саидҷон Шарифов,62), 11. Фарҳод Тоҳиров (17. Марифҷон Марифбоев, 72).

Сармураббӣ: Нуъмонҷон Юсуфов.

Доварони ин бозӣ таҳти раҳбарии Адҳам Муҳаммад Тумаҳ Маҳадмеҳи 29-сола аз Урдун буданд.

Ба ин тартиб, дастаи ”Хуҷанд” аз ҳаққи ширкат дар сабқати гурӯҳии Ҷоми AFC-2016 маҳрум шуд.

XS
SM
MD
LG