Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамлаи маргталабона ба клуби полис дар Димишқ


Мақомоти Сурия мегӯянд, ки бар асари таркиши мошини як маргталаб дар канори клуби кормандони полис дар шаҳри Димишқ чандин нафар куштаву захмӣ шудаанд.

Вазорати умури дохилии Сурия хабар дод, ки ин ҳодиса рӯзи 9 феврал дар минтақаи Масакеҳ Барзеҳ, воқеъ дар шимолу шарқи пойтахт ба вуқӯъ пайваст. Дар ин минтақа биноҳои бузурги идораҳои давлатӣ ҷойгиранд.

Маркази дидбони ҳуқуқи башари Сурия, мақараш дар Бритониё, хабар дод, бар асари таркиш ҳашт корманди полис кушта ва 20 нафари дигар маҷрӯҳ шуданд.

Масъулияти ҳамларо гурӯҳи «Давдати исломӣ» бар ӯҳда гирифт.

Ин гурӯҳ моҳи гузашта масъулияти чанд таркиш дар канори зиёратгоҳи Саида Зайнаб дар наздикиҳои Димишқро ҳам бар зима гирифта буд, ки бар асари онҳо беш аз 70 нафар ҷон бохтанд.

XS
SM
MD
LG