Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ёдбуди Акбари Саттор дар ГЖК


Рӯзи 10 феврал дар толори хурди Маҷмааи табъу нашри “Шарқи Озод” (ГЖК) маросими ёдбуди Акбари Саттор (Акбаралӣ Сатторов), раиси собиқи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон доир мешавад. Акбари Саттор, агар умр вафо мекард, рӯзи 10 феврал ба синни 51 мерасид.

Акбари Саттор, муассис ва молики нашрияҳои маъруфе, чун “Чархи гардун”, “Вечерний Душанбе”, "Дайджест-Пресс", “Аладдин” ва “Зан ва мард”, ки аз соли 2005, тайи 10 сол раҳбарии бузургтарин созмони журналистии Тоҷикистонро низ бар дӯш дошт, рӯзи 28 августи соли 2015 аз олам рафт.

Бино ба гузориши хабаргузории Тоҷнюс, дар маросими ёдбуди Акбари Саттор, ки соати даҳи субҳ оғоз хоҳад ёфт, аз китоби “Акбари бузург” низ рӯнамоӣ хоҳад шуд. Дар ин китоб мақолаҳову ёддоштҳои дӯстону ҳамкорон ва ҳамсабақони Акбари Саттор гирдоварӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG