Пайвандҳои дастрасӣ

Песков: Изҳороти Меркел воқеъият надорад


Ангела Меркел дар Туркия

Ангела Меркел дар Туркия

Маскав мегӯяд, ягон санаду далели эҳтимолии ҳалокати мардуми осоишта бар асари зарбаҳои ҳавопаймоҳои Русия дар Сурия мавҷуд нест. Изҳороти Дмитрий Песков, сухангӯи раисиҷумҳури Русия Владимир Путин, рӯзи 9 феврал, дар вокуниш ба гуфтаҳои як рӯзи пеши садри аъзами Олмон Ангела Меркел садо дод, ки эълом дошт, ӯ аз азияту марги мардум бар асари зарбаҳои ҳавопаймоҳои низомии Русия ба ваҳшат уфтодааст.

Дмитрий Песков изҳороти раисиҷумҳури Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғонро дар он бора, ки Русия талоши ишғоли Сурияро дорад, “нодуруст ва ғайривоқеъӣ номид.

Дар ҳамин ҳол Маскав Анкараро дар тарҳрезии нақшаи таҷовуз ба қаламрави Сурия айбдор мекунад.

Зарбаҳои ҳавоии Русия ба мавқеъҳои ошӯбгарон дар Сурия аз 30 сентябри соли гузашта ба ин сӯ идома доранд. Ин зарбаҳо ба нерӯҳои содиқ ба раисиҷумҳури Сурия Башор Асад имкон доданд, ки баъзе аз қаламрави марказ ва ғарби Сурияро дубора таҳти назорати худ бигиранд.

Таниш миёни Туркияву Русия баъди рӯзи 24 ноябр аз сӯи ҳавопаймои туркӣ сарнагун шудани ҳавопаймои русии СУ-24 шурӯъ шуд. Анкара мегӯяд, ки ҳавопаймо ҳарими ҳавоии кишварро вайрон кард ва ҳушдорҳоро сарфи назар намуд аз ин рӯ ҳадафи зарбаи мушакӣ қарор гирифт. Аммо Русия пойфишорӣ дорад, ки ҳавопаймои СУ-24 дар фазои Сурия буд ва аз ин рӯ Туркия бояд гунаҳро ба гардан бигирад ва узрхоҳӣ кунад.

Раисиҷумҳур ва нахуствзири Туркия чанд бор изҳор намуданд, ки аз вазъи ба вуқӯъпайваста нороҳату андӯҳгинанд ва аммо Анкара узрхоҳӣ карданӣ нест, зеро низомиёни турк бар пояи муқаррароти байнулмилалӣ амал намуданд.

XS
SM
MD
LG