Пайвандҳои дастрасӣ

Номзадҳо барои "фатҳ"-и Ҳампшир талош мекунанд


Ҳилларӣ Клинтон дар Ҳампшир

Ҳилларӣ Клинтон дар Ҳампшир

Интихобкунандагон дар аёлати Ҳампшир, воқеъ дар шимолу шарқи ИМА, рӯзи 9 феврал дар кокус ё овоздиҳии муқаддамотӣ ба довталабони номзадӣ аз Ҳизби демократ ва Ҳизби ҷумҳурихоҳон ширкат мекунанд.

Расонаҳо овоздиҳӣ дар ин аёлатро, ҳарчанд аҳолияш зиёд нест, барои авҷ гирифтани сабқат “калидӣ” мехонанд.

Миёни ҷумҳурихоҳон Доналд Трамп ва Тед Круз пешсафи сабқат маҳсуб мешаванд. Cобиқ вазири умури хориҷа Ҳилларӣ Клинтон ва сенатор-сотсиалист Бернӣ Сандерс миёни довталабони демократ шонсҳои бештар доранд.

Овоздиҳии муқаддамотии Ҳизби ҷумҳурихоҳон дар аёлати Айова рӯзи 1 феврал бо пирӯзии Тэд Круз поён ёфта буд – ӯ ба дарёфти 28 дар сади раъйҳо муваффақ шуд. Ба Доналд Трамп 24 дар сад ва ба Марко Рубио 23 дар сад овоз доданд. Номзадҳои Ҳизби демократ Ҳилларӣ Клинтон ва Бернӣ Сандерс дар овоздиҳӣ дар Айова тақрибан раъйҳои баробар гирифтанд.

Моҳҳои оянда ҳар аёлати ИМА барои мушаххас кардани номзадҳои ҳизбҳо вакилон инетихоб мекунанд, ки қарор аст моҳи июл дар анҷуманҳои ҳизбӣ эълон шаванд. Як номзадӣ аз ҳарду ҳизб моҳи ноябри соли равон барои дарёфти курсии раисиҷумҳури Амрико вориди сабқати ниҳоӣ мешаванд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG