Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ёрии Амрико ба Вазорати дифои Тоҷикистон


Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон ба маҷмааи нави беҳдорию гигиении баталйони посдорони сулҳи Вазорати дифои кишвар кумаки фаннӣ ироа кардааст. Бино ба иттилои сафорати Амрико дар Душанбе, ин кумак иборат аз таҷҳизотест, ки дорои ҳоҷатхона, утоқи шустушӯ буда ва ба ҳангоми омодагӣ дар ширкати эҳтимолии ин нерӯ дар амалиёти сулҳҷӯёнаи Созмони Милали Муттаҳид ба беҳбуди шароити зисти низомиён мусоидат хоҳад кард.

Ҳазинаи ин тарҳ 250 ҳазор доллар буда ва ин маблағ дар чорчӯби "Ибтикори амалиёти фарогир барои пуштибонӣ аз сулҳ" аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Амрико ҷудо шудааст.

Аз соли 2009 ба ин сӯ Тоҷикистон дар чорчӯби ин тарҳ 6,6 миллион доллар дарёфт карда ва ин маболиғ барои баргузории давраҳои омӯзишию тамринҳо, ироаи таҷҳизот, ёрӣ дар рушди зерсохтор ва ташкили утоқҳои забони англисӣ барои низомиёни тоҷик сарф шудааст.

XS
SM
MD
LG