Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Хуҷанд" бо "Аҳлӣ Ал-Халил" дар Фаластин бозӣ мекунад


Бозигарони тоҷик ҳангоми тамрин дар Фаластин
Бозигарони тоҷик ҳангоми тамрин дар Фаластин

Бозии «Хуҷанд»-и Хуҷанд бо «Аҳлӣ Ал-Халил» шоми имрӯз, 9-уми феврал, дар шаҳри Ҳеврони Фаластин баргузор мешавад.

Дастаи "Хуҷанд"-и шаҳри Хуҷанд, ҷоизадори нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон, бозии плей-оффи Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2016-ро бо бошгоҳи "Аҳлӣ Ал-Халил"-и Фаластин имрӯз, 9-уми феврал, дар меҳмонӣ анҷом медиҳад. Бозӣ дар шаҳри Ҳеврони Фаластин соати 16:00 ба вақти маҳаллӣ (соати 19:00 ба вақти Душанбе) шурӯъ мешавад. Мизбонон бо либоси рангаш сурх ва меҳмонон бо либоси рангаш кабуд бозӣ мекунанд.

Доварони ин бозӣ таҳти раҳбарии Адҳам Муҳаммад Тумаҳ Маҳадмеҳи 29-сола аз Урдун мебошанд. Валтер Эдвард Перейра аз Ҳиндустон нозири бозӣ ва Саликин Бин Саркавӣ аз Сингапур комиссари бозӣ таъин шудаанд.

Дар мавриди пирӯзӣ дар бозӣ муқобили бошгоҳи «Аҳлӣ Ал-Халил» , дастаи ”Хуҷанд” дар сабқати гурӯҳи «D» бо тимҳои «Ал-Муҳаррак»-и Баҳрайн, «Фанҷа»-и Умон ва «Ал-Ҷайш»-и Сурия рақобат хоҳад кард.

Нуъмонҷон Юсуфов, сармураббии дастаи “Хуҷанд”, ба “Озодӣ” гуфт, “ба ҳайати даста 25 нафар, аз он ҷумла 17 футболбоз (2 дарвозабон, 6 ҳимоятгар, 5 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар) дохиланд. Мо мекӯшем, ки дар ин бозӣ пирӯз шуда, ба сабқати гурӯҳии Ҷоми AFC роҳ ёбем.”

Ҳайати «Хуҷанд» дар бозӣ муқобили «Аҳлӣ Ал-Халил»:

Дарвозабонҳо: Алишер Тӯйчиев, Абдуазиз Маҳкамов;

Ҳимоятгарон: Далерҷон Тухтасунов, Манучеҳр Аҳмадов, Эраҷ Раҷабов, Ҳасан Рустамов, Шероз Абдуллоев, Соҳибҷон Ҳакимов;

Нимҳимоятгарон: Илҳомҷон Баротов, Дилшодҷон Каримов, Сафаралӣ Каримов, Саидҷон Шарифов, Ҳоҷибой Зиёев;

Ҳамлагарон: Фарҳод Тоҳиров, Мубинҷон Муъминов, Марифҷон Марифбоев, Дилшод Бозоров.

XS
SM
MD
LG