Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ихроҷи 3 668 муҳоҷир аз вилояти Маскав


Ихроҷи як гурӯҳи муҳоҷирон аз Ярославл. Акс аз бойгонӣ
Ихроҷи як гурӯҳи муҳоҷирон аз Ярославл. Акс аз бойгонӣ

Хадамоти приставҳои вилояти Маскав мегӯяд, дар тӯли соли 2015 аз ҳудуди ин вилоят 3 668 муҳоҷири ғайриқонунӣ, бо шумули 4 ноболиғро ихроҷ кардаанд. Дафтари матбуоти ин идора рӯзи 8 феврал гуфт, аксари ихроҷшудаҳо аз Узбакистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Молдова мебошанд. Бино ба ҳисобҳо, дар ҳудуди вилояти Маскав дар соли гузашта тақрибан 200 000 муҳоҷири ғайриқонунӣ кору зиндагӣ мекарданд. 93 дарсади муҳоҷирон дар ин вилоятро шаҳрвандони Украина, Узбакистон, Тоҷикистон, Арманистон, Молдова ва Қирғизистон ташкил медиҳанд. Думаи вилояти Маскав дар тобистони соли 2015 пешниҳод кард, ки бо тасвиби як қонуни афв имкони қонунӣ гардондани кору зиндагии муҳоҷирони ғайриқонуниро фароҳам биоранд.

Ба ҳисоби Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон, шумори шаҳрвандони тоҷике, ки аз ҳаққи сафар ба Русия маҳрум шудаанд, ба 333 391 нафар расидааст. Ин тақрибан сеяки 1 миллион муҳоҷири кории тоҷик дар Русияро ташкил медиҳад.

XS
SM
MD
LG