Пайвандҳои дастрасӣ

Ширкати «Уральские авиалинии» ба фурӯши билетҳо барои парвози Калуга – Душанбе оғоз кардааст. Нахустин парвоз дар ин масир, қарор аст, рӯзи 1 март анҷом шавад, вале аз ҳоло метавон аз тариқи онлайн ба ин парвоз чипта гириффт. Нархи ҳадди ақали парвоз дар хатти Калуга – Душанбе 11 264 рубл, ҳудуди 146 доллар муқаррар шудааст. “Уральские авиалинии”-и Русия моҳи ноябр ба анҷоми парвозҳо дар масири Калуга – Хуҷанд шурӯъ карда буд. Парвозҳо аз Калуга ба Душанбеву Хуҷанд ҳафтае як бор бо ҳавопаймоҳои навъи Airbus A320 сурат мегиранд. Қарор аст, парвозҳо аз ин шаҳри Русия ба Душанбе рӯзҳои панҷшанбе ва ба Хуҷанд рӯзҳои сешанбе анҷом шаванд. “Уральские авиалинии” қаблан ҷиҳати шурӯи парвозҳо дар хатти Калуга – Кӯлоб низ эълон дода буд, вале ҳоло ин эълон аз сомонаи ширкат бардошта шудааст.

XS
SM
MD
LG