Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Бишкек ҷасади ҳунарманди театрро пайдо карданд


Ҷасади як ҳунарманди театри русии драммавии шаҳри Бишкек ба номи Чингиз Айтматовро дар назди хонааш пайдо кардаанд. Дар ин бора пулиси Бишкек хабар додааст ва гуфтааст, ки ҷасади ҳунарманди ин театр Василий Ползунов субҳи 8 феврал пайдо шудааст.

Дар бадани вай осори лату кӯб мушоҳида мешавад. Ба гуфтаи пулис, як мард ба эҳтимоли ҳамла ба ҳунарманд боздошт шудааст.

Ин ҳодиса дар ҳоле рух додааст, ки чанд рӯз пеш марде бо номи Михаил Берчин барои таҷовуз ба номуси хонум Оксана Гогол ва куштори вай ба 20 соли ҳабс маҳкум шуда буд. Ин зан низ ҳунарманди ҳамин театр буд.

Оксана Гоголро моҳи декабри соли 2013 дар маркази шаҳри Бишкек баъд аз лату кӯб дар ҳолати вазнин пайдо карда буданд. Вай баъдтар дар бемористон ҷон дода буд.

Театри русии драмавии ба номи Чингиз Айтматов соли 1935 ташкил шуда буд.

XS
SM
MD
LG