Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон ба аъзои ҳайати музокира медал дод


Эрон ба аъзои ҳайати намояндагии музокироти ҳастаии ин кишвар бо шаш қудрати ҷаҳонӣ медал дод. Ҳасан Рӯҳонӣ-раиси ҷумҳури Эрон дар маросиме 8 феврал дар Теҳрон Медали Шоистагиро ба Муҳаммад Ҷавод Зариф-вазири корҳои хориҷа супурд.

Алӣ Акбар Солеҳӣ-раиси Созмони энержии ҳастаии Эрон ва Ҳусейн Деҳқон-вазири дифои Эрон медалиШуҷоат гирифтанд. Дар маросими вижа бештар аз 20 нафаре, ки дар музокироти ҳастаӣ саҳм доштанд, бо медалҳо ва ифтихорномаҳо сазовор дониста шуданд.

Роҷеъ ба маҳдудияти барномаҳои ҳастаии Эрон бо шаш қудрати ҷаҳонӣ моҳи июл тавофуқ ба даст омада буд. Моҳи гузашта СММ итминон дод, ки Теҳрон ҳамаи уҳдадориҳои худро тибқи тавофуқот риоят мекунад, таҳримҳои Ғарб бар зидди Эрон то андозае лағв шуданд.

XS
SM
MD
LG