Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се сарбози афғон дар бамгузорӣ кушта шуданд


Бино ба гузоришҳо, дастикам се сарбози афғон дар таркиши автобуси низомӣ дар вилояти Балх кушта шудаанд. Мунир Аҳмад Фарҳод-сухангӯи волии вилоят мегӯяд, ки бамгузори интиҳорӣ пиёда будааст ва субҳи 8 феврал дар вулусволии Даҳдодӣ ин автобусро ҳадафи ҳамла қарор додааст.

Ба гуфтаи ин манбаъ, 18 нафар низомиёни дигар дар ин ҳамла ҷароҳат бардоштаанд. Забиҳулло Муҷоҳид-сухангӯи Толибон иддао мекунад, ки масъулияти ин бамгузориро Толибон бар дӯш гирифтаанд.

Вақтҳои охир тундравҳои Толибон дар саросари кишвар ҳамлаҳои худ ба нируҳои амниятии Афғонистонро афзоиш додаанд. Балх нисбат ба вилоятҳои дигари ҳамсоя амн дониста мешуд.

Мақомоти расмӣ мегӯянд, ки дар вилояти Нангарҳор мардони мусаллаҳи номаълум як сарбози Горди раёсати ҷумҳуриро ба қатл расондаанд.

Аттоуллоҳ Хугиёнӣ-сухангӯи волии вилоят гуфт, ин сарбози горди миллӣ дар хонааш ҳадафи тир қарор гирифтааст. Модари вай дар ин ҳамла захмӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG