Пайвандҳои дастрасӣ

Музокироти Русияву Гурҷистон ба таъхир афтод


Зураб Абашидзе ва Григорий Карасин

Зураб Абашидзе ва Григорий Карасин

Зураб Абашидзе-намояндаи вижаи Гурҷистон барои Русия мегӯяд, ки даври навбатии музокироти миёни ин кишвар бо Русия барои оддӣ сохтани муносибот то миёнаи моҳи март ба таъхир афтод.

Қарор буд мулоқоти Абашидзе бо Григорий Карасин-муовини вазири корҳои хориҷаи Русия моҳи феврал дар Прага баргузор шавад.

8 феврал Абашидзе гуфт, ки музокироти пойтахти ҷумҳурии Чех ба “сабабҳои техникӣ” ба таъхир афтод. Ҷузъиёти бештаре дар бораи сабабҳои он дода намешавад.

Музокироти Абашидзе ва Карасин барои ба маҷрои оддӣ баргардонидани муносиботи Русияву Гурҷистон моҳи декабри соли 2012 дар Женева оғоз ёфта буд.

Баъд аз он онҳо чанд бор дар Прага бо ҳам мулоқот карданд. Тифлис муносиботи дипломатии худро бо Маскав баъд аз он қатъ кард, ки Русия истиқлоли Асетияи Ҷанубӣ ва Абхозистонро соли 2008 баъд аз ҷанги мухтасари Русияву Гурҷистон ба таври расмӣ эътироф кард.

XS
SM
MD
LG