Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситонӣ: Ҳанӯз маълум нест, Захарченкоро кӣ кушт


Бинои Додситонии кулли Тоҷикистон
Бинои Додситонии кулли Тоҷикистон

Парвандаи подполковник Олег Захарченко, фармондеҳи пешини гурӯҳи таъиноти махсуси Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон муваққатан боздошта шудааст. Муҳаммадиброҳим Осимзода, муовини додситони кулли Тоҷикистон, рӯзи 8 феврал дар нишасти хабарӣ далели ин амрро ба "пайдо нашудани қотилони Захарченко" рабт дод.

Олег Захарченко ҳангоми ҳамла ба идораи мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфта дар водии Рашт дар моҳи феврали соли 2008 ба ҳалокат расид. Раёсати ин идора таҳти раҳбарии Мирзохӯҷа Аҳмадов, фармондеҳи пешини Иттиҳоди нерӯҳои мухолифон дар водии Рашт масъули ҳодиса номида шуда, аммо баъдан ба сабаби набудани далелҳои муътамад сарнавишти қазия норӯшан боқӣ монда буд.

XS
SM
MD
LG