Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

120 тоҷикистонӣ аз Ироқу Сурия баргаштаанд


Юсуф Раҳмон
Юсуф Раҳмон

Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон, мегӯяд, ки то кунун 120 тан аз иштирокдорони ҷангҳои Ироқу Сурия ва зану фарзандонашон ба ватан баргардонда шудаанд. Ӯ, ки рӯзи 8 феврал дар нишасти хабарӣ суҳбат мекард, гуфт, аз ин ҳисоб 78 нафар ҷангӣ ва 42 тани дигар аъзои хонаводаи онҳо будаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки ҳазор шаҳрванди кишвар барои иштирок дар муҳорибаҳо ба Ироқу Сурия рафтаанд. Онҳо ваъда додаанд, афроде, ки бо хоҳиши худ аз ҷангҳои Ироқу Сурия бармегардад ва агар собиқаи ҷиноӣ надошта бошад, мавриди афв қарор қарор хоҳад гирифт. То ин дам ҳудуди 60 тан афв шудаанд.

XS
SM
MD
LG