Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ноҳид Зайналпур: "Мусиқӣ ҳам бояд бо террор биҷангад"


Ноҳид Зайналпур - ғижжакнавози маъруфи тоҷик дар консерти хайриявии "Мусиқӣ алайҳи террор", ки рӯзи 23 феврал дар Кохи Кремл баргузор хоҳад шуд, иштирок мекунад.

Ноҳид Зайналпур, ҳунарманди шинохтаи тоҷик ва ғижжакнавози гуруҳи "Миррос", дар консерти хайриявии "Мусиқӣ алайҳи террор" дар Кохи давлатии Кремли Маскав иштирок хоҳад кард. Ин консерт рӯзи 23 феврал баргузор мешавад.

Ғояи баргузории консерт ба раҳбари гурӯҳи “Миррос” Фарид Қаюмӣ тааллуқ дорад ва он баъд аз ҳамлаҳои зиёди террористӣ, аз ҷумла, суқути ҳавопаймои русӣ дар ҳарими Миср, ҳаводиси Сурия ва дигар кишварҳои ҷангзада пайдо шуд. Террор тамаддунро маҳв мекунад ва аз ин рӯ Фарид гуфт, мо бояд бо ташкили консерт зидди терроризм садо баланд кунем, мегӯяд Ноҳид.

Дар консерт дар Кохи Кремл ба ҷуз гурӯҳи “Миррос” ҳамчунин оркестри маъруфи “Фонограф” таҳти раҳбарии Сергей Жилин, зимнан, ин гурӯҳ ширкаткунандаи тарҳи “Голос” аст, ҳамчунин Сергей Мазаев бо гурӯҳи “Моралний кодекс” ва овозхони маъруф Александр Маршал ширкат хоҳанд кард.

Аз ибтикори баргузории консерти “Мусиқӣ алайҳи террор” ҳукумати Маскав ва дафтари раёсатҷумҳури Русия пуштибонӣ кардаанд. Ноҳид Зайналпур мегӯяд, мо муддати тулонӣ барои дарёфти иҷоза талош кардем ва дар ниҳоят муваффақ шудем, ки дар ин давраи мушкили бӯҳрон консерт баргузор намоем.

Ҳунарнамоии Ноҳид Зайналпур дар ҷашни Наврӯз дар шаҳри Прага
Ҳунарнамоии Ноҳид Зайналпур дар ҷашни Наврӯз дар шаҳри Прага

Ноҳид Зайналпур рӯзи 7 феврал дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ки дар ин консерт ӯ фақат дар ҳайати гурӯҳ ғижжакнавозӣ хоҳад кард. Фарид Қаюмӣ дар Кохи Кремл чанд таронаро бо се-чаҳор забон, аз ҷумла бо русӣ иҷро хоҳад кард, яъне, сокинони Русия бояд фаҳманд, ки мо на фақат таронаҳои худиро иҷро мекунем, меафзояд ӯ. Фарид таронаи фаронсавӣ ҳам мехонад, зеро дар Фаронса таҳсил кардааст ва забонро хело хуб медонад... Зимнан, мо ба консерт дойранавози маъруфамон Хайрулло Додобоев аз Хуҷандро ҳам даъват кардем, ки ҳунарманди шоистаи санъати Тоҷикистон аст ва шогирдони зиёде дорад. Мо хостем, ки дар Кохи Кремл садои доира ҳам танинандоз бошад, мегӯяд Ноҳид Зайналпур.

"Миррос" як гурӯҳи мусиқии шарқӣ ё ҳиндуэронист ва таронаҳояш бо забонҳои форсӣ, пашту, урду ва дигар забонҳои шарқӣ садо медиҳанд.

Ман панҷ сол узви ин гурӯҳ ҳастам ва бояд бигӯям, ки ҳама ҳунармандони ҳирфаӣ аз кишварҳои гуногунанд – ду нафар аз мутрибон арманиянд, Катя, бас-гиторнавоз аз Тошканд аст, бэк-вокалистка – Анна Ян корегист, мегӯяд Ноҳид. Зимнан, Анна Ян дар ин консерт ду таронаи тоҷик, аз ҷумла, “Боз омадӣ”-ро мехонад. Зимнан, таронаи дигари Аҳмад Зоҳир “Султони қалбам” ва таронаи “Лолаи озодам” хело дилчаспанд ва онҳоро дар интернет даҳҳо ҳазор нафар тамошо кардааст. Анна Ян дар Австрия ҳунари операро меомӯзад ва ба забони тоҷикиву мусиқии тоҷикӣ сахт дил бастааст ва бо майли зиёду соатҳо ҳамроҳ бо Фарид таронаҳои тоҷикиро тамрин мекунад, мегӯяд Ноҳид.

Ноҳид Зайналпур – духтари таҳиягари “Тоҷикфилм” Темур Зайналпур аст, ки аз Машҳад фирор карда дар Шӯравии собиқ панаҳ бурда буд.

Ноҳид бо таассуф мегӯяд, ки шаш боз дар зодгоҳаш Тоҷикистон набуд – бори ахир дар маросиме ширкат дошт, ки ба ӯ унвони Ҳунарманди шоистаро эъто карданд. Ҳамон сол ӯ ба ҳайси ғижжакнавози гурӯҳи “Миррос” пазируфта шуд. Ҳама хешу табори ман дар Маскаванд, модарам ҳам дар канори мост, аммо дилам ҳамеша бо Тоҷикистон аст ва дар ҳама озмуну ҷашнвораҳо ватани азизи худро муаррифӣ мекунем, меафзояд ӯ.

Ноҳид муаррифии ҳунару санъати тоҷиконро рисолати муҳими худ мешуморад, зеро намехоҳад, ки тоҷиконро фақат ҳамчун мардикор ё “гастарбайтер” шиносанд. Хело аламовар аст, ки дар Русия шинохти бисёриҳо аз мо, мардуми дорои бостонитарин ва ғанитарин адабиёту санъату фарҳанг, ин гуна аст, мегӯяд Ноҳид Зайналпур...

XS
SM
MD
LG