Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 26 нафар дар заминларзаи Тайван


Мақомоти наҷотбахшии Тайван мегӯянд, ҷустуҷӯи тақрибан 124 нафаре, ки эҳтимолан баъди заминларзаи рӯзи шанбе зери оворҳои бинои бисёрошёна мондаанд, идома меёбад.

Мири шаҳри Тайнан Лай Чинг-те рӯзи якшанбе, 7 феврал, изҳор намуд бисёр афроде, ки то ҳол беному нишоншуда маҳсуб мешаванд, зери харобаҳо мондаанд. Тайи беш аз як шабонарӯз баъд аз заминларзаи нерӯяш 6,4 дараҷаи Рихтер 200 нафар наҷот дода шуданд.

Дар ин офати табиӣ 26 нафар ба ҳалокат расида, тақрибан 500 каси дигар осеб дидаанд.

Вазири умури дохилии Тайван Чэн Вэй-жэн ҳам гуфт, ки ҳанӯз одамони зиёде зери харобаҳои биноянд, зеро хонаводаҳо дар он ҷо Соли нав аз рӯи тақвими чиноиро таҷлил мекарданд.

XS
SM
MD
LG