Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамла ба маркази имдоди фирориён дар Прага


Полиси Ҷумҳурии Чех мегӯяд, ки гурӯҳи тақрибан бистнафара шоми 6 феврал як маркази имдод ба паноҳандагон дар пойтахтро ба оташ кашид. Ҳамлагарон ба бинои маркази Klinika, воқеъ дар минтақаи Жижкови шаҳри Прага, ки барои паноҳандагон либос ҷамъ мекунад, «коктейли Молотов» партофтанд.

Дар ин ҳодиса дасти кам як нафар маҷрӯҳ шудааст. Намояндаи Идораи сӯхторнишонии Прага гуфт, ки оташсӯзӣ хело зуд хомӯш карда шуд.

Ба гуфтаи кормандони маркази имдод, ҳамлагарон неофошистҳо буданд.

Аз ин пеш тақрибан якуним ҳазор ҷонибдорони ҷунбиши олмонии зиддимусалмонии PEGIDA дар маркази шаҳри Прага бо фаъолони ҷомеъаи шаҳрвандӣ, ки ба хотири пуштибонӣ аз муҳоҷирон намоиш доир карда буданд, вориди бархӯрд шуданд. Ба иттилои хабаргузории DPA, намоишгарон сӯи ҳамдигар шиша ва маводи оташбозӣ андохтанд..

XS
SM
MD
LG