Пайвандҳои дастрасӣ

Як фармондеҳи артиши Афғонистон мегӯяд, ки яке аз минтақаҳои калидии вилояти Ҳилманд шояд ба зудӣ таслими мусаллаҳони Толибон шавад. Шабакаи телевизионии Би-Би-Си рӯзи 7 феврал аз қавли ин фармондеҳ, ки аз ифшои номаш худдорӣ кардааст, дар бораи аз сӯи мухолифини давлати Афғонистон ишғол шудани бахши аъзами волусволии Сангин хабар дод.

Ба гуфтаи афсари афғон, нерӯҳои ҳукуматӣ чанд минтақаи муҳимро ҳанӯз ҳам дар ихтиёр доранд, аммо шояд онҳо ҳам аз сӯи толибон ишғол шаванд.

Бар асари ҳамлаи толибон рӯзҳои ахир теъдоди зиёди сарбозони давлатӣ кушта шудаанд, гуфтааст ин манбаъ.

Фармондеҳи афғон иддао дорад, ки муддати тулонӣ ба ин Ҳилманд нерӯҳи иловагӣ интиқол наёфтааст, аз ин пеш аз сӯи Кобул ёрии ночизи низомӣ мерасид. Моҳи гузашта раиси полиси Ҳилманд Абдул Раҳмон Сарҷанг гуфта буд, ки ҳукумати Афғонистон дар вокуниш ба таҳдиди Толибон барои ишғоли волусволиҳои Гиришк, Марҷа ва Сангин ба ин мавзеъҳо нерӯҳои тозанафас ворид карда буд.

Ҳилманд, бузургтарин вилояти Афғонистон, дар гузашта низ яке аз пойгоҳҳои толибон ба шумор мерафт ва онҳо баъд аз хуруҷи неруҳои эътилофи байналмиллалӣ ҳамлаҳои худро афзоиш додаанд. Дар вилоят то хатми амалиёти НАТО дар Афғонистон, пойгоҳҳои низомии нерӯҳои амрикоӣ ва бритониёвӣ ҷойгир шуда буданд.

Ҳилманд аз марказҳои асосии парвариши хашхош дар ҷаҳон ҳам маҳсуб мешавад. Ба иттилои Кобул, толибон тобистони гузашта баъди ишғоли се мавзеи вилояти Ҳилманд дар ин ҷо пойгоҳ ёфта, ҳоло тавлиди афюн ва роҳҳои асосӣ ба сӯи Эрону Покистонро, ки барои қочоқи ҳероин ба Аврупо истифода мешаванд, назорат мекунад.

XS
SM
MD
LG