Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусовии “Истиқлол” дар Анталия ва сафари “Хуҷанд ба Фаластин


«Истиқлол”-и Душанбе бозии санҷиширо бо “Тараз”-и Қазоқистон бо ҳисоби 2:2 анҷом дод.

Дастаи «Истиқлол”-и Душанбе, қаҳрамони чоркаратаи Тоҷикистон, бозии санҷиширо бо тими “Тараз”-и Қазоқистон бо ҳисоби мусовии 2:2 ба поён расонд. Ин бозии дувуми санҷишӣ дар шаҳри Анталияи Туркия дар доираи омодагии футболбозони Душанбе ба Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2016 шаби шанбеи 6-уми феврал баргузор шуд.

Аҳтам Назаров, бозигари “Истиқлол”, дар дақиқаи 7-ум аз пеналтӣ ё ҷаримаи 11-метрӣ ҳисобро боз кард. Вале баъди дувоздаҳ дақиқа футболбозони “Тараз” ҳисобро баробар намуданд. Дар нимаи дувуми дидор, дар дақиқаи 56-ум, ҳамлагар Манучеҳр Ҷалилов голи дувуми “Истиқлол”-ро ба ҳадаф расонд. Аммо дар дақиқаи 85-ум қазоқҳо боз ҳисобро баробар карданд.

Ногуфта намонад, ки ду бозигари “Истиқлол” – Манучеҳр Ҷалилов дар дақиқаи 82-юм ва Фатҳулло Фатҳуллоев дар дақиқаи 88-ум - кортҳои сурх гирифта, аз майдон хориҷ шуданд. Ин бозӣ, ки санҷишӣ буд, ба “Истиқлол” ҳуқуқи иваз кардани бозигарони хориҷшуда дода шуд. Ба ҷойи хориҷшудагон ба майдон Зиёвуддин Фузайлов ва Амирҷон Сафаров омаданд.

Бозии санҷишӣ

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «ТАРАЗ» (Қазоқистон) – 2:2

Голҳои «Истиқлол»: Аҳтам Назаров, 7 – аз пеналтӣ, Манучеҳр Ҷалилов, 56.

«Истиқлол» (Душанбе, Тоҷикистон): Қурбоналӣ Бобоев (Никола Стошич, 46), Петро Ковалчук (Сиёвуш Асроров, 46), Давронҷон Эргашев, Маҳдӣ Чоҳҷӯӣ, Ҷаҳонгир Ҷалилов (Нозим Бобоҷонов, 46), Ҷаҳонгир Алиев (Фатҳулло Фатҳуллоев, 46, Амирҷон Сафаров, 88) Аҳтам Назаров, Нуриддин Давронов (капитан), Парвизҷон Умарбоев (Акмал Холматов, 46), Дилшод Восиев (Фаридун Шарифов, 46), Александр Каблаш (Манучеҳр Ҷалилов, 46, Зиёвуддин Фузайлов, 83).

Аз бозӣ хориҷ шуданд (бо ҳуқуқи иваз кардан): Манучеҳр Ҷалилов, 82, Фатҳулло Фатҳуллоев, 88.

6 феврал. Анталия (Туркия). Майдони футболи меҳмонхонаи «Титаник».

Ин бозии дувуми санҷишии «Истиқлол” дар Анталия буд. Футболбозони тоҷик бозии аввали санҷиширо 3-юми феврал ба тими “Варда”-и Маҷористон бо ҳисоби 1:3 бохта буданд. Акмал Холматов дар дақиқаи 13-ум ҳисобро кушод. Ва аммо футболбозони “Варда” дар нимаи дувуми бозӣ ба дарвозаи “Истиқлол” се гол зада, бозиро ба нафъи худ анҷом доданд.

Рустам Ҳакимов, сухангӯи бошгоҳи футболи “Истиқлол”, ба “Озодӣ” гуфт, “ҷамъомади таълимиву тамринии даста дар Анталия то рӯзи 14 феврал идома хоҳад кард. “Истиқлол” дар бозии севуми санҷишӣ рӯзи ҷумъаи 12 феврал бо дастаи “Шахтёр»-и Қарағанда, қаҳрамони дукаратаи Қазоқистон, рақобат мекунад.”

Бояд гуфт, ки “Истиқлол” дар ҳашт бозии санҷишии имсола шаҳди ғалабаро начашидааст. Душанбегиҳо панҷ бозиро мусовӣ карда, дар се бозӣ мағлуб гаштаанд. Натоиҷи бозиҳо чунин аст:

1. “Истиқлол” – Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-22) – 1:2 (7 январ, Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ),

2.“Истиқлол” – “Хуҷанд” (Хуҷанд) – 1:1 (12 январ, Қайроққум, Варзишгоҳи “Бонки миллӣ”),

3.“Истиқлол” – “Хуҷанд” (Хуҷанд) – 2:2 (15 январ, Қайроққум, Варзишгоҳи “Бонки миллӣ”),

4.“Истиқлол” - “Олмалиқ” (Узбакистон) -1:1 (19 январ, Тошканд, Варзишгоҳи бошгоҳи футболи “Бунёдкор”),

5.“Истиқлол” - “Нефтчӣ” (Фарғона) - 0:1 (21 январ, Тошканд, Варзишгоҳи бошгоҳи футболи “Бунёдкор”),

6.“Истиқлол” – “Хуҷанд” (Хуҷанд) – 1:1 (29 январ, Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ),

7.“Истиқлол” “Варда” (Маҷористон) 1:3 (3 феврал, Туркия, Анталия).

8.“Истиқлол” “Тараз” (Қазоқистон) 2:2 (6 феврал, Туркия, Анталия).

Баъди бозгашт аз Туркия “Истиқлол” дар нахустин даври сабқати гурӯҳии Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2016 рӯзи сешанбеи 23 феврал дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо тими “Ал Файсалӣ”-и Урдун бозӣ мекунад.

Доварони бозии “Истиқлол” - “Ал Файсалӣ” аз Ветнам мебошанд. Довари ФИФА Во Мин Три сардовар, ёваронаш Пам Ман Лонг ва Нгуен Трунг Хау таъин шудаанд. Ферас Тавили суриягӣ довари эҳтиётӣ, Юсуф Мирзо Рустам аз Арабистони Саудӣ нозири доварон ва Равишанкар Ҷаяраман аз Ҳиндустон комиссари бозӣ мебошанд.

“Истиқлол” дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2016 дар гурӯҳи «В» бо дастаҳои «Нафит Ал-Васат»-и Ироқ, «Ал-Файсалӣ»-и Урдун ва ғолиби ҷуфти «Триполи» (Лубнон) – «Олой» (Қирғизистон) рақобат мекунад.

“ХУҶАНД” БА ФАЛАСТИН САФАР КАРД

Намояндаи дигари Тоҷикистон дар Ҷоми AFC - дастаи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд, ҷоизадори нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии кишвар, - бегоҳи шанбеи 6 феврал тавассути ҳавопаймо аз Душанбе ба Дубайи Имороти Муттаҳидаи Араб парвоз кард. Футболбозони Хуҷанд субҳи якшанбеи 7 феврал аз Дубай ба Урдун париданд. Онҳо имрӯз аз пойтахти Урдун – шаҳри Аммон - бо автобус ба Фаластин мераванд.

Нуъмонҷон Юсуфов, сармураббии дастаи “Хуҷанд”, ба “Озодӣ” гуфт, “ба ҳайати даста 25 нафар, аз он ҷумла 17 футболбоз (2 дарвозабон, 6 ҳимоятгар, 5 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар) дохиланд. Мо мекӯшем, ки дар ин бозӣ пирӯз шуда, ба сабқати гурӯҳии Ҷоми AFC роҳ ёбем.”

Дастаи "Хуҷанд"
Дастаи "Хуҷанд"

Бозии «Хуҷанд» бо бошгоҳи «Аҳлӣ Ал-Халил» 9-уми феврал дар шаҳри Ҳеврони Фаластин соати 16:00 ба вақти маҳаллӣ (соати 19:00 ба вақти Душанбе) шурӯъ мешавад. Доварони ин бозӣ таҳти раҳбарии Адҳам Муҳаммад Тумаҳ Маҳадмеҳи 29-сола аз Урдун мебошанд. Валтер Эдвард Перейра аз Ҳиндустон нозири бозӣ ва Саликин Бин Саркавӣ аз Сингапур комиссари бозӣ таъин шудаанд.

Дар мавриди пирӯзӣ дар бозӣ муқобили бошгоҳи «Аҳлӣ Ал-Халил» , дастаи ”Хуҷанд” дар сабқати гурӯҳи «D» бо тимҳои «Ал-Муҳаррак»-и Баҳрайн, «Фанҷа»-и Умон ва «Ал-Ҷайш»-и Сурия рақобат хоҳад кард.

Ҳайати «Хуҷанд» дар бозӣ муқобили «Аҳлӣ Ал-Халил»:

Дарвозабонҳо: Алишер Тӯйчиев, Абдуазиз Маҳкамов;

Ҳимоятгарон: Далерҷон Тухтасунов, Манучеҳр Аҳмадов, Эраҷ Раҷабов, Ҳасан Рустамов, Шероз Абдуллоев, Соҳибҷон Ҳакимов;

Нимҳимоятгарон: Илҳомҷон Баротов, Дилшодҷон Каримов, Сафаралӣ Каримов, Саидҷон Шарифов, Ҳоҷибой Зиёев;

Ҳамлагарон: Фарҳод Тоҳиров, Мубинҷон Муъминов, Марифҷон Марифбоев, Дилшод Бозоров.

XS
SM
MD
LG