Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҷозоти вазир барои таҳқири хабарнигор


Братислав Гашич
Братислав Гашич

Парлумони Сербия рӯзи шанбе, 6 феврал, баъд аз баррасии тулонӣ дар бораи истеъфои вазири дифоъ Братислав Гашич тасмим гирифт. Вазир барои ҳарфҳои таҳқиромез дар ҳаққи хабарнигори шабакаи радиову телевизиони B92 муҷозот шуд.

Моҷаро моҳи декабри соли гузашта баъд аз он сар зад, ки Гашич дар як нишасти хабарӣ гуфт, “хонумҳои хабарнигореро, ки ба осонӣ ба зону мезананд, хело дӯст медорам”. Ин ҳарфҳо дар ҳоле садо доданд, ки як хонуми хабарнигор барои халал нарасондан ба кори наворбардор ба замин зону зад.

Ҳарчанд баъдан вазири дифоъ барои ин гуфтаҳояш маъзарат хост, нахуствазир Александр Вучич онро чун ҳарфҳои душуту нобахшиданӣ арзёбӣ кард ва барои истеъфои яке аз ҳампаймонҳои наздикаш иқдом кард.

Аммо истеъфо тақрибан ду моҳ тӯл кашид ва дар ин муддат хабарнигорон чандин бор алайҳи Братислав Гашич намоишҳои эътирозӣ доир карданд.

Барои истеъфои вазири дифоъ ҳамаи 195 вакили дар иҷлосияи парлумон ширкатдошта раъй доданд.

XS
SM
MD
LG