Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Марги боз як генерали эронӣ дар Ҳалаб


Маросими ҷанозаи генерал Ҳусейн Ҳамадонӣ дар Теҳрон (акс аз бойгонӣ)

Маросими ҷанозаи генерал Ҳусейн Ҳамадонӣ дар Теҳрон (акс аз бойгонӣ)

Расонаҳои эронӣ рӯзи 6 феврал аз ҳалокатигенерали Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ Мӯҳсин Қаҷариён ҳамроҳ бо шаш шибҳанизомии Басиҷ дар Сурия хабар доданд.

Гуфта мешавад, онҳо дар канори шаҳри Ҳалаб кушта шудаанд, ки он ҷо нерӯҳои ҳукуматии Сурия бо пуштибонии ҳавопаймоҳои ҷангии Русия амалиёти густурда алайҳи мухолифини мусаллаҳро идома медиҳанд. Онҳо мехоҳанд шаҳрро пурра дар муҳосира гирифта, ҳама роҳҳои интиқоли кӯмаки башарӣ аз Туркияро банданд.

Хабаргузории Тасним навишт, ки шаш шибҳанизомии Басиҷ дар Сурия дар роҳи дифоъ аз муқаддасоти шиаҳо аз сӯи такфириҳо кушта шудаанд. Хабаргузориҳои эронӣ мусаллаҳони "Давлати исломӣ” ва дигар гурӯҳҳои сунниро “такфирӣ” ном мебаранд.

Теҳрон ширкати низомиёнаш дар ҷангҳои Сурияро рад мекунад ва мегӯяд, ки фақат мушовирони низомӣ ва басиҷиҳоро ба Сурия мефиристад. Бо вуҷуди ин, шурӯъ аз моҳи октябри соли гузашта расонаҳои эронӣ дар бораи ҳалокати дасти кам сад “ихтиёри”-и эронӣ дар Сурия хабар додаанд. Миёни онҳо, аз ҷумла, Ҳусейн Ҳамадонӣ, аз фармондеҳони баландпояи Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон ҳам буд, ки низ дар канори Ҳалаб кушта шуда буд.

XS
SM
MD
LG