Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 7 нафар дар заминларзаи Тайван


Теъдоди қурбониёни заминларзаи нерӯяш 6,4 дараҷаи Рихтер дар Тайван то 7 нафар афзоиш ёфт. Дар ин офати табиӣ, ки субҳи 6 феврал рӯй дод, садҳо нафар осеб дидаанд, мегӯянд мақомоти маҳаллӣ.

Бештари қурбониёни заминларза аз зери харобаҳои бинои бисёрошёна дар шаҳри Тайнан берун оварда шуданд. Бино ба иттилои пешакӣ, дасти кам 30 нафари дигар то ҳанӯз зери оворҳоянд.

Беш аз 200 нафар наҷот дода шуданд, тақрибан 40 нафар ба бемористон интиқол ёфтанд.

Ба навиштаи France-Presse, дар амалиёти ҷустуҷӯиву наҷотбахшӣ дар Тайван садҳо низомиён сафарбар карда шудаанд.

Заминларза субҳи барвақт дар ҳоле рӯй дод, ки таҷлили Иди Соли нав аз рӯи тақвими чиноиҳо ҳанӯз ҳам идома дошт.

XS
SM
MD
LG