Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Чаҳоргона" боз дар Исломобод ҷамъ омад


Ҳайатҳои Афғонистон, Покистон, ИМА ва Чин рӯзи 6 феврал дар шаҳри Исломобод даври сеюми гуфтушунидҳо ба хотири поягузории музокироти сулҳи миёни ҳукумати Кобул ва ҷунбиши “Толибон”-ро шурӯъ карданд.

Қарор аст, Исломобод дар сари мизи музокирот овардани Толибон, ки теъдоди бузургашон дар Покистон мустақаранд, нақши калидӣ дошта бошад. Аммо мавқеъҳои Кобулу Толибон дар баъзе масоил оштинопазир боқӣ мемонанд. Мақомоти Афғонистон гуфтанд, ҳама гурӯҳҳоеро, ки ба раванди сулҳ ҳамроҳ намешаванд, нобуд хоҳанд кард. Дар ҳмаин ҳол толибон барои он пойфишорӣ доранд, ки то шурӯи музокирот нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон берун карда шаванд. Онҳо ҳамчунин аз маҳбасҳо озод кардани толибони боздоштшуда ва таъсиси баъзе аз меъёрҳои шариат дар идораи давлатро талаб доранд.

Абдул Ҳаким Муҷоҳид, узви аршади Шӯрои Олии сулҳи Афғонистон, ба хабаргузории Ассошиэйтед Пресс гуфт, ки умедҳо ба сулҳ бештар мешаванд, зеро ба раванди мусолиҳа ду абарқудрат – ИМА ва Чин ворид шудаанд ва онҳо дар Афғонистону Покистон нуфузи зиёд дошта, метавонанд рӯи ҳарду ҷониб фишор оваранд.

Ду даври аввали гуфтушуниди “чаҳоргона” моҳи гузашта дар Исломобод ва Кобул бидуни ҳузури намояндагони Толибон баргузор шуданд.

XS
SM
MD
LG