Пайвандҳои дастрасӣ

Тақрибан 20 ҳазор шаҳрвандони Сурия баъд аз амалиёти нерӯҳои ҳукуматӣ дар гирду атрофи шаҳри Ҳалаб фирор карда, дар марз бо Туркия ҷамъ омаданд.

Маркази дидбони ҳуқуқи башари Сурия, мақараш дар Бритониё, рӯзи 6 феврал хабар дод, ки бар асари даргириҳо дар канори шаҳри Ратиён, воқеъ дар наздикиҳои Ҳадаб аз ду тараф дасти кам 120 нафар ба ҳалокат расиданд.

Саманта Пауэр, намояндаи ИМА дар СММ теъдоди кушташудагонро “тақрибан 150 нафар” гуфт ва дар бораи ҳалокати се корманди Созмони Ҳилоли Аҳмари Сурия ҳам хабар дод.

Ба иттилои вазорати умури хориҷаи Амрико, нерӯҳои ҳукуматии Сурия бо пуштибонии ҳавопаймоҳои ҷангии Русия минтақаи таҳти назорати мухолифин дар Ҳалабро муҳосира кардаанд ва ҳама роҳҳо барои интиқоли кӯмаки башарӣ ба мардумро бастаанд. Дар Ҳалаб айни ҳол тақрибан 300 ҳазор нафар боқӣ мондаанд. Даргириҳои шадид идома доранд.

Ба иттилои Идораи кӯмакҳои башарии СММ, айни ҳол дар гузаргоҳи Боб-ул-Салом дар марзи Сурияву Туркия тақрибан 20 ҳазор нафар аз фирориён ҷамъ омадаанд, аз 5 то 10 ҳазор сокини шаҳри Азаз ҳам макони даргириҳоро тарк намудаанд.

XS
SM
MD
LG