Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Давлати исломӣ" аз Ироқу Сурия ба Либия меравад?


Гурӯҳи давлати исломӣ мехоҳад Либияро ноором кунад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:48 0:00

Дабири кулли НАТО мегӯяд, ки ҷангиёни гурӯҳи "Давлати исломӣ" талош доранд, нуфузи худро дар кишварҳои дигар, бахусус Либия, тавсеа бахшанд.

Ҳамлаҳои афзояндаи ҳавопаймоҳои Русия музокироти сулҳи Сурияро, ки дар Женева ҷараён доранд, бо мушкил рӯ ба рӯ кардааст.

Рӯзи ҷумъа дар Амстердам дар мулоқоти вазирони дифои кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо дабири кулли паймони НАТО Йенс Столтенберг гуфт, ки эътилофи байналмилалии зери раҳбарии Амрико ҷонибдори пешрафти ин музокирот аст: “Он чизе, ки мо мушоҳида мекунем, ин ҳамлаҳои афзояндаи ҳавопаймоҳои Русия болои гурӯҳҳои мухолифи ҳукумати Сурия мебошанд, ки кӯшишҳои дарёфти роҳи ҳалли сиёсии ин низоъро мушкил намудаанд. Зиёда аз он, ҳузури афзояндаи Русия, фаъолиятҳои Русия дар ҳарими ҳавоии Сурия боис ба бештар шудани нигарониҳо ва убури ҳарими ҳавоии Туркия гардидааст.”

Рӯзҳои охир бо кумаки Русия сарбозони артиши Сурия ва муттафиқонашон дар вилояти шимолии Ҳалаб пешрафт кардаанд.

Столтенберг ҳамчунон гуфт, ки НАТО таҳаввулоти ахири Либияро низ пайгирӣ мекунад. Ӯ афзуд, ҷангиёни гурӯҳи “Давлати исломӣ”, ки ҳоло дар заминҳои ишғолнамудаи Сурияву Ироқ барои худ хилофат бунёд кардаанд, саъй доранд, нуфузашонро дар кишварҳои дигар ва ба вижа Либия, тавсеа бахшанд.

Рӯзи сешанбе котиби давлатии Амрико Ҷон Керрӣ гуфт, ки кишвараш вазъияти Либияро ҳам пайгирӣ мекунад: “Дар Либия ҳукумати ваҳдати миллӣ поягузорӣ мешавад. Ин амал аз таъсиси пойгоҳи гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар Либия ҷилавгирӣ хоҳад кард. Тавре ҳама медонанд, ин кишвар захира дорад. Охирин чизе, ки Шумо дар дунё дидан мехоҳед, ин дастрас шудани миллиардҳо доллар аз даромади нафт ба ин хилофати қалбакӣ аст”,

Ҳафтаи гузашта гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар шаҳри Сирти Либия корхонаҳои полоиши нафтро мавриди ҳамла қарор дода, акнун мехоҳад бо истифода аз рақобати ҳукуматҳои маҳаллӣ ва халои қудрат барои худ дар ин кишвари Африқои Шимолӣ ҷойи по пайдо кунад.

Тибқи созиши зери назари СММ дар давраи гузариш ду гурӯҳи рақиби Либия бояд ҳукумати ваҳдати миллӣ таъсис диҳанд. Аз имзои созиши Марокаш як моҳ гузашт, вале то кунун бархӯрдҳои миёни гурӯҳҳои рақиб идома доранд ва созиш иҷро нашудааст.

Мақомдорони ИМА иброз доштаанд, ки вазорати мудофиаи ИМА барои мубориза бо гурӯҳи давлати исломӣ дар соли молии 2017-ум аз Конгресси ИМА 7 миллиард доллар, яъне 33 дарсад бештар аз маблағи имсола дархост намудааст.

XS
SM
MD
LG