Пайвандҳои дастрасӣ

Маркази милли тестӣ барои довталабоне, ки тайи ду сол дар саффи нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон хидмат кардаанд, имтиёз дод, ки аз 75 бал иборат аст.

Маркази миллии тестӣ ба довталабоне, ки ду сол дар саффи нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон хидмат кардаанд, имтиёз додааст. Абдувосит Юлдошев, ёвари раҳбари Маркази миллии тестӣ, рӯзи 5 феврал ба Озодӣ гуфт, ки ин митиёз аз 75 бал иборат буда, болои холҳои бадастоварди довталабон зам хоҳад шуд.

Мусоҳиби мо гуфт, ки ин тасмим бо ҳадафи ҷалби бештари ҷавонон ба хидмат ва ҳамин таври ҷалби онҳо ба таҳсил дар донишгоҳҳо гирифта шудааст. Аммо Юлдошев гуфт, асли ин пешниҳодро Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон карда, ҳукумат барои татбиқаш ризоят додааст.

Ба қавли ин масъули Маркази миллиии тестӣ, довталабоне, ки дар саффи нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон хидмат кардаанд, бояд ҳангоми ҳуҷҷатсупорӣ варақаи тасдиқкунанда ва ё билети ҳарбии худро пешниҳод кунанд. "Ин шеваи имтиёз ба ҷавононе, ки дар сафи артиш хизмат кардаанд, дар аксар кишварҳо роиҷ буда, ба ҷалби бештари ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ мусоидат мекунад," -- афзуд ӯ.

Абдураҳим Маҷидов, сокини 24-солаи ноҳияи Рӯдакӣ, ки баъд аз ду соли хизмат дар артиш ба майдафурӯшӣ машғул аст, аз чунин тасмими Маркази миллии тестӣ истиқбол кард. Ӯ гуфт, бо вуҷуди он ки мактаби миёнаро бо баҳои хуб хатм карда буд, аммо вазъи молии оила имкон надод, ки донишҷӯ шавад. "Баъд аз он ду сол дар саффи артиш хидмат кардам ва ҳоло мехоҳам аз ин имтиёзи Маркази тестӣ истифода барам," -- афзуд ӯ.

Аз ин тариқ ҷалби ҷавонон ба хидмати сарбозиро таҳлилгарону созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи инсон ҳам хуш пазируфтаанд. Дар зимн "Ампаро", собиқ созмони ҷамъиятӣ, ки аз ҳуқуқи сарбозон ҳимоя мекард, дар чанд соли қабл пешниҳод карда буд, барои ҷавонони дар артиш хизматкарда, ҳадди аққал имкони бидуни имтиҳон дохил шудан ба муассисаҳои касбӣ дода шавад.

Дилрабо Самадова, як масъули созмони "Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ" мегӯяд, ки ин тасмимро амри муҳим донист. Ӯ гуфт, "ин имтиёз хуб аст. Барои мисол, ҷавоне, ки соли аввал ба донишгоҳ дохил шуда наметавонад, як соли худро беҳуда сарф намекунад, дар ин миён меравад ва ду сол хизмати артиш мекунад. Вай медонад, ки баъди артиш барои дохил шудан ба донишгоҳ имтиёз дорад, аз ин рӯ бо дили пур меравад хизмат мекунад, боз меояду таҳсилашро идома медиҳад."

Аммо онҳое низ ҳастанд, ки барои иҷрои дурусти ин тасмим бо назари шубҳа менигаранд. Онҳо мегӯянд, танҳо дар сурати ба як чашм нигоҳ кардани мақомот ба ҳамаи довталабон роҳандозии ин имтиёз ҳосили хуб ба бор хоҳад овард, вагарна мисли баъзе тасмимҳо ба гӯшаи фаромӯшӣ хоҳад рафт.

Дар Тоҷикистон даъват ба хизмат дар артиш соле ду бор - баҳору тирамоҳ сурат мегирад ва дар ҳар даъват аз 15 то 16 ҳазор ҷавони аз 18 то 27-сола ба хидмати ҳатмии аскарӣ ҷалб мешаванд.

Маркази миллии тестӣ ду сол боз масъулияти баргузории имтиҳонҳои қабул ва тақсимбандии ихтисос ба ихтисоси довталабон дар мактабҳои олии Тоҷикистонро бар дӯш дорад. То имрӯз аз имтиёзҳои маркази милии тестӣ танҳо маъюбон ва хонандагоне, ки бо баҳои аъло мактабро хатм карда дар озмунҳои фаннӣ ҷойҳои сазоворро ишғол мекарданд, бархӯрдор буданд.

Дар мавсими нави дохилшавӣ ба донишгоҳҳои Тоҷикистон, ки алакай моҳи оянда оғоз меёбад, ҷавононе, ки билети ҳарбӣ ва таҷрибаи сарбозӣ доранд ба фарқ аз ҳамсолони “хизматгурези” худ шонси бештари донишҷӯ ва соҳибмаълумот шуданро хоҳанд дошт. Зеро барои хизмат дар артиш ба ин гурӯҳи ҷавонон 75 бал тақдим мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG