Пайвандҳои дастрасӣ

Бар асоси тарҳи қонуни танзим, куштани чорвои хурду шохдор ё асп дар рӯзҳои мотамдорӣ мумкин набуда, маросими арӯсӣ бо иштироки на бештар аз 150 меҳмон баргузор хоҳад шуд.

Гурӯҳе аз вакилони Жокоргу Кенеш – парлумони Қирғизистон – тарҳи қонуни танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ дар он кишварро ба баррасии умум гузоштаанд. Бар асоси ин тарҳ, куштани чорвои хурду шохдор ё асп дар рӯзҳои мотамдорӣ мумкин набуда, маросими арӯсӣ бо иштироки на бештар аз 150 меҳмон баргузор хоҳад шуд.

Вакилон мегӯянд, ки тарҳи қонуни танзими анъана асосан барои аз байн бурдани харҷи аз ҳад зиёд дар маросими хурсандӣ ва мотам таҳия шудааст. Ҳанӯз ин қонун барои қабул ба парлумон нарафтааст, аммо алакай дар баъзе маҳаллаҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ дар масъалаи кам кардани харҷ дар маросими хурсандӣ ва мотам ҷараён дорад.

Барои мисол, дар деҳаи Ҷапалаки шаҳри Ӯш, солмандон роҳҳои коҳиши харҷро пайдо кардаанд. Бар асоси қоидаи ҷоришуда дар Ҷапалак, меҳмон ба маросим ҳаққи овардани гӯсфанди зинда, нон, қанд ва шириниро надорад. Агар меҳмоне аз ин муқаррарот огоҳ набуд, тӯҳфаҳои овардашуда ба хонаи кӯдакон ё манзили кӯҳансолон фиристода мешавад.

Салима Османалиева, сокини ин деҳаи вилояти Ӯш мегӯяд, ки "тибқи анъанаи қаблӣ 10-15 зан бо дастархони калон омада, ҳангоми бозгашт соҳиби маросим дастархони онҳоро бо изофаи нону конфет бармегардонд. Аз ин гуна табодул манфиате нест. Беҳтар аст, ки меҳмон ба ивази дастархон ба соҳибхона пул диҳад." Салима мегӯяд, ки алакай сокинон бо қоидаҳои нав одат кардаанд ва деҳаҳои ҳамсояро низ ба иҷрои ин кор ташвиқ мекунанд.

"Ҳоло сарфи мардум ба таври қобили мулоҳиза коҳиш ёфтааст," – гуфт ӯ.

Дар бештари манотиқи Қирғизистон анъанаи табодули либос, назири порчаи матоъ, рӯймол ё қалпоқ (тоқии қирғизӣ) вуҷуд дорад. Маъмулан ин либос давр гашта ва дар бархе мавридҳо дубора ба дасти соҳиби қаблиаш мерасад. Гулнора Қорибекова мегӯяд, "шахсе, ки чунин либосро тӯҳфа гирифт, фардо онро ба шахси дигар мебарад. Ҳоло ба марди азодор пӯшондани ҷома бо гулдӯзиҳои миллӣ мӯд шудааст. Ин мард ҷомаро ба каси дигар медиҳад. Ин танҳо харҷи беҳуда аст."

Тибқи тарҳи ҷадиди қонун, "гаҳворабандон" бо аҳли хонавода, "хатнасур" бо ҳузури на бештар аз 100 меҳмон ва маросими арӯсӣ на бештар аз 150 нафар бояд баргузор шавад. Дар маросими арӯсӣ ба истиснои арӯс, домод ва падару модари онҳо ба хешовандони ҷонибҳо додани либос манъ аст.

Дар маросими ҷаноза дар ширкати мардум маҳдудияте нест, вале куштани чорвои хурду шохдор ё асп иҷоза набуда, маросимҳои "се", "ҳафт", "чил" ва "сол" низ бидуни забҳи чорвои калони шохдор ва асп ва бо ҳузури на бештар аз 100 нафар баргузор хоҳад шуд.

Мелис Турғунбоев, корманди Вазорати корҳои хориҷӣ ва Суюн Озурзоқов, раҳбари Идораи пулиси вилояти Ӯш маросими арӯсии писаронашонро пурдабдаба баргузор карда ва аз ҷониби Темир Сариев, нахуствазири Қирғизистон интиқод шудаанд. Тӯйи вакили парлумон Ҷиргалбек Самадов, ки дар он ҳазор меҳмон даъват шуда ва ба ҳайси ҷоиза уштуру автомашинаҳо гузошта шуда буданд, дар миёни мардум сару садоҳоеро ба миён овардааст.

Рискелдӣ Момбеков, вакили парлумон ва яке аз тарроҳони ин қонун гуфт, агар қонун тасвиб шавад, дар Қирғизистон ниҳоди вижа таъсис шуда ва раванди иҷрои қонунро назорат хоҳад кард.

"Тарҳи қонун асосан барои ходимони давлатӣ ва кормандони ҳукуматҳои маҳаллӣ таҳия шудааст. Мумкин аст, дар ҷараёни баррасӣ ба он дар мавриди теъдоди меҳмонон ва мизони махориҷ тағйирот ворид шавад. Чаро ин санади ҳуқуқӣ барои ходимони давлатӣ таҳия шудааст? Зеро ин афрод худнамоӣ карда ва сарвату давлати худро ба дигарон намоиш медиҳанд. Мардум ин ҳамаро мебинад ва эътимоди онҳо ба ходимони давлатӣ коста мешавад. Аз ин лиҳоз, нахуст махориҷи ходимони давлатӣ ва масъулони ҳукуматҳои маҳаллӣ назорат хоҳад шуд," -- хулоса кард ӯ.

Зимнан, ҳукумати Тоҷикистон дар соли 2007 қонун дар бораи танзими анъана ва расму ойинро қабул кард, ки ҷомеаи маданӣ онро дахолат ба зиндагии хусусӣ хонда ва гуфтанд, ин қонунро худи мақомоти баландпоя риоя намекунанд.

Ин қонун аз ҷумла шумори иштирокчиёни тӯю маъракаҳои мардумро то 150 нафар ва соати баргузории ин маъракаҳоро бо 3 соат маҳдуд мекунад. Барои онҳое ки дар тӯю худоиҳо ба исроф роҳ медиҳанд, то 800 сомонӣ ҷарима таъин шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG