Пайвандҳои дастрасӣ

Дар ҷараёни мулоқоти раисиҷумҳури Тоҷикистон бо Шамшод Ахтар, муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, Дабири иҷроияи комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором (ЭСКАТО) масоили ҳамкории иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистону Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз саҳми назарраси ЭСКАТО барои татбиқи лоиҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар Тоҷикистон изҳори қаноат кардааст.

Дар мулоқот атрофи ҷамъбасти натиҷаҳои конфронси душанбегӣ оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амалиёти “Об барои ҳаёт” дар солҳои 2005-2015”, иқдоми навбатии Тоҷикистон барои расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор, ҷаласаи 10-уми Шӯрои Барномаи махсуси СММ барои иқтисоди Осиёи Марказӣ дар Душанбе, инчунин дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилоти ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳое, ки ба баҳр дастрасӣ надоранд, гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

Ҷонибҳо навсозии шоҳроҳҳои мошингарду роҳҳои оҳан, рушди бахши кишоварзӣ ва минтақаҳои деҳот, иқтисодиёт ва савдо, сармоягузорӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, бунёди хатҳои интиқоли барқ ва лӯлаҳои газ, татбиқи лоиҳаҳои минтақавии гидроэнергетикӣ бо истифода аз захираҳои фаровони обии Тоҷикистон, аз қабили CASA-1000-ро барои рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии минтақаҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ амри муҳим шумориданд.

XS
SM
MD
LG