Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Испания нахустин мавриди олудагии вируси Зика дар бадани як зани ҳомила тасдиқ шудааст. Ин нахустин мавриди гирифторӣ ба ин вирус дар Аврупо мебошад.

Вазорати тандурустӣ шоми 4 феврал гуфт, ки ин зан ахиран аз Колумбия баргаштааст ва вай дар он ҷо бо ин вирус олуда шудааст. Ин вирус аз хомӯшак ё кӯрпашша пайдо шудааст ва ёҳтимол меравад, ки сарчашмаи он кишвари амрикоӣ бошад.

Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт, ин вирусро хатари ҷаҳонии беҳдоштӣ эълон кардааст ва ҳушдор додааст, ки ин вирус метавонад дар қитъаи Амрико то ба 4 миллион нафар сироят кунад ва дар саросари ҷаҳон паҳн шавад.

Вируси зика ҳангоми газидани кӯрпашша сироят мекунад, бо вуҷуди он ки дар Амрико ҳафтаи ҷорӣ мавриди сирояти он тавассути робитаи ҷинсӣ низ мушоҳида шудааст.

Ин вирус дар 26 кишвари амрикоӣ паҳн шудааст ва то ҳол ваксину дору ва ё роҳи муолиҷаи онро пайдо накардаанд. Коршиносон дар Бразилия умед доранд, ки дар давоми ҳамин сол ваксинеро барои муолиҷа аз ин вирус ихтироъ хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG