Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Артур Баталов, сарбози пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон, худкушӣ кардааст. Як манбаи наздик ба мақомоти тафтишотии пойгоҳ рӯзи 5 феврал ба Озодӣ гуфт, ки Баталов шабона аз тирезаи утоқи дастурушӯии хобгоҳи сарбозон дар ошёнаи 5-ум худро ба замин партофта ва ҷон бохтааст.

"Нисбат ба қазияи худкушии Артур Баталов парванда боз шуд ва аммо ба сабаби собит нашудани айби ҳеч нафар парванда қатъ гардидааст," - афзуд ӯ.

Дар ҳамин ҳол, Ярослав Рошупкин, сухангӯи Пойгоҳи 201 дар Русия дар як сӯҳбати телефонӣ бо радиои Озодӣ гуфт, ки феълан ин хабарро тасдиқ карда наметавонад ва дар соатҳои наздик дурустии онро мавриди санҷиш қарор медиҳад.

Дар ҳоле ки то кунун сабаби аслии худкушии ин сарбози рус собит нашудааст, вале манбаи радиои Озодӣ бо такя ба баёноти ҳамхизматони Баталов гуфт, ки эҳтимолан сабаби фоҷеа моҷарои сарбоз бо ду сокини маҳаллӣ шудааст. Ҳамхизматони Баталов гуфтаанд, ки гӯё ду тан аз сокинони маҳаллӣ чанде пештар шиноснома ва телефони мобилии сарбозро гирифта, дар иваз маблағи калони пулӣ талаб кардаанд.

Артур Баталов то моҳи сентябри соли гузашта, яъне то замони ба Душанбе мунтақил шудан дар қисми ҳарбии Кӯлоб хизмат мекард.

XS
SM
MD
LG