Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боздошти 10 корманди ҳифзи ҳуқуқ барои маводи мухаддир


Шерхон Салимзода, раиси нави Оҷонсии мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон гуфт, ки соли 2015 даҳ тан аз кормандони ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи кишвар ба иттиҳоми ҳамкорӣ бо гурӯҳҳои нашъаҷаллоб боздошт шудаанд.

Ин матлабро Салимзода рӯзи 5 феврал зимни нишасти хабарии ниҳоди зертобеаш баён дошт ва гуфт, се нафари онҳо корманди Вазорати дифоъ ва 7 тан кормандони Вазорати корҳои дохилӣ будаанд.

Шерхон Салимзода ҳамзамон гуфт, ки соли гузашта ҳеч як аз кормандони ин ниҳод барои даст доштан дар қочоқ ва ё интиқоли маводи мухаддир боздошт нашудааст. Дар гузашта низ чандин тан аз кормандони ҳифзи ҳуқуқ ба иттиҳоми даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир боздошт шуда буданд.

Шерхон Салимзода рӯзи 2 феврал раҳбари Оҷонсии зидди маводи мухаддири Тоҷикистон таъин шуд. Тайи тақрибан бист соли гузашта ин мақомро Рустам Назарзода ба ӯҳда дошт.

XS
SM
MD
LG