Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дидори Аслов бо мақоми СММ


Сироҷиддин Аслов бо Шамшод Ахтар дидор кард
Сироҷиддин Аслов бо Шамшод Ахтар дидор кард

Вазири хориҷаи Тоҷикистон бо Шамшод Ахтар, муовини Дабири кулли СММ ва дабири иҷроияи Комиссияи иқтисодию иҷтимоии СММ барои кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором (ЭСКАТО) масоили тавсеъаи ҳамкориҳои минтақавӣ, нақлиёт ва ҳамгироӣ миёни кишварҳои узви ЭСКАТО-ро баррасӣ кардааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати хориҷаи Тоҷикистон, ҷонибҳо дар атрофи тадорукот барои баргузории ҳамоишҳои байналмилалии минтақавӣ, назири Муколамаи раҳбарои кишварҳои Осиёи шимолӣ ва марказӣ дар чорчӯби ҷаласаи 72-юми ЭСКАТО ибрози назар кардаанд.

Дар назар аст, ин ҳамоиши байналмилалӣ рӯзи 17 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Банкоки Таиланд баргузор шавад.

XS
SM
MD
LG