Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мавқеи Тоҷикистон дар раддабандии ФИФА тағйир наёфт


Тоҷикистон дар раддабандии тозаи ФИФА мавқеашро дар мақоми 148-ум нигоҳ доштааст.

Тоҷикистон дар раддабандии тозаи ФИФА (Федератсияи байналмилалии футбол), ки имрӯз, 4 феврал, нашр шудааст, мавқеашро дар байни 209 кишвар дар мақоми 148-ум нигоҳ доштааст. Мунтахаби Тоҷикистон 196 имтиёз дорад. Тоҷикистон дар байни 46 дастаи Конфедератсияи футболи Осиё дар мақоми 26-ум қарор гирифтааст.

Мунтахаби Белгия дар феҳристи нави ФИФА бо 1494 имтиёз дар ҷойи аввал аст. Мунтахаби Аргентина (1455 имтиёз) дар ҷойи дувум ва тими Испания (1370 имтиёз) дар ҷойи севум мебошанд.

Аз байни кишварҳои пасошӯравӣ зинаҳои баландтаринро дар рейтинги ФИФА Русия (23-ум) ва Украина (27-ум) ба даст овардаанд. Мунтахаби Тоҷикистон дар байни кишварҳои собиқи шӯравӣ, инчунин дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар зинаи охирин қарор дорад. Узбакистон (71), Қирғизистон (105), Туркманистон (114) ва Қазоқистон (131) аз Тоҷикистон боло ҷойгир шудаанд.

Ёдовар мешавем, рейтинги ФИФА аз соли 1993-юм ба ин сӯ тартиб дода, имтиёзҳо ба кишварҳо аз рӯи натоиҷи дастаи мунтахаби миллиашон дар давраи чаҳор сол дода мешавад. Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар тамоми таърихаш дар феҳристи ФИФА ҷойи 106-ум дар моҳи июни соли 2013 ва натиҷаи бадтаринаш ҷойи 180-ум дар соли 2003 мебошад.

XS
SM
MD
LG