Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Керрӣ: Русия бомбборони Сурияро қатъ кунад


Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии ИМА аз Маскав хост, ки бомбборони мавқеъҳои гурӯҳҳои ошубгари суриягиро қатъ кунанд. Ин бомбборон боиси он гардид, ки музокироти сулҳ миёни ҳукумати Сурия ва мухолифин таҳти сарпарастии СММ дар шаҳри Женева мутаваққиф шавад.

Ҷон Керрӣ дар сӯҳбати телефонӣ бо ҳамтои русаш Сергей Лавров рӯзи 4 феврал гуфт, ки қатъномаи аллакай пазируфташудаи Шӯрои амнияти СММ оташбаси фаврӣ дар Сурия ба хотири ба шаҳрҳои муҳосирашуда расонидани кӯмаки башариро тақозо дорад.

Вазири умури хориҷии Амрико, ки ба хотири ширкат дар конфаронси имдод ба Сурия вориди Лондон шудааст, ҳамчунин гуфт, ӯ ва Лавров ба зарурати баррасии чӣ гуна амалӣ намудани мусолиҳа миёни ҳукумати Димишқ ва мухолифин ва дарёфти ризояти ҷонибҳо барои расонидани кӯмаки башарӣ таъкид карданд.

Сарони тақрибан 70 кишвари кишвари олам рӯзи 4 феврал дар як конфаронси имдод дар Лондон ба хотири дарёфти 9 миллиард доллар барои Сурияи ҷангзада ҷамъ меоянд. Дар ин нишаст мавзӯи кӯмакҳои иқтисодиву башарӣ ба 4,6 миллион суриягиҳои аз ҷанг дар кишварҳои ҳамсоя панаҳёфта баррасӣ мешавад. Бритониё эълом дошт, ки то соли 2020 барои кӯмак ба Сурия як миллиарду 750 миллион доллар ҷудо мекунад.

Созмони байнулмилалии хайрияи Оксфам рӯзи 1 феврал кишварҳои зиёде, аз ҷумла, Русияро барои он танқид кард, ки ба афроди бар асари низоъ дар Сурия бехонумоншуда ва аз кишвар фироркарда кӯмак намерасонанд.

Бар асари ҷанги шаҳрвандӣ, ки панҷ сол боз дар Сурия идома дорад, дасти кам 250 ҳазор нафар кушта шуда, миллионҳо нафар дар кишварҳои ҳамсоя панаҳ бурданд.

XS
SM
MD
LG