Пайвандҳои дастрасӣ

Сарони кишварҳои олам рӯзи 4 феврал дар як конфаронси имдод дар Лондон ба хотири дарёфти 9 миллиард доллар барои Сурияи ҷангзада ҷамъ меоянд.

Интизор меравад, сарони тақрибан 70 кишвари олам мавзӯи кӯмакҳои иқтисодиву башарӣ ба 4,6 миллион суриягиҳои аз ҷанг дар кишварҳои ҳамсоя панаҳёфтаро баррасӣ кунанд.

Бритониё эълом дошт, ки то соли 2020 барои кӯмак ба Сурия як миллиарду 750 миллион доллар ҷудо мекунад. Қарор аст, ки вазири умури хориҷии ИМА Ҷон Керрӣ дар нишасти Лондон дар бораи саҳми кишвараш дар кӯмаки иқтисодиву башарӣ хабар диҳад.

Созмони байнулмилалии хайрияи Оксфам рӯзи 1 феврал кишварҳои зиёде, аз ҷумла, Русияро барои он танқид кард, ки ба афроди бар асари низоъ дар Сурия бехонумоншуда ва аз кишвар фироркарда кӯмак намерасонанд.

Бар асари ҷанги шаҳрвандӣ, ки панҷ сол боз дар Сурия идома дорад, дасти кам 250 ҳазор нафар кушта шуда, миллионҳо нафар дар кишварҳои ҳамсоя панаҳ бурданд.

XS
SM
MD
LG