Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

British Airways боз ба Теҳрон парвоз мекунад


Ширкати ҳавопаймоии бритониёвии British Airways рӯзи 4 феврал эълом дошт, ки парвозҳо ба пойтахти Эрон – шаҳри Теҳронро аз сар мегирад. Масъулини ширкат гуфтанд, ки парвозҳои мустақим миёни Лондон ва Теҳрон аз моҳи июл шурӯъ мешаванд. Гуфта мешавад, ки тасмими аз сар гирифтани парвозҳо бо лағви таҳримҳои байнулмилалӣ алайҳи Эрон рабт дорад.

Аз ин пеш ширкати Air France-KLM ҳам эълом дошт, ки баъд аз лағви таҳримҳои СММ, Иттиҳодияи Аврупо ва ИМА дубора парвозҳо ба Эронро шурӯъ мекунад. Таҳримҳо рӯзи 16 январ баъд аз гузориши МАГАТЭ, Бунёди байнулмилалии нерӯи ҳастаӣ, дар бораи аз сӯи Теҳрон иҷро шудани нуктаҳои созиши ҳастаӣ бекор карда шуданд.

Сафари раисиҷумҳури Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ ба Аврупо умедҳоеро дар дили эрониҳо бедор намуд, ки ба кишвар сармояи зиёди хориҷӣ ворид мешавад. Дар ҷараёни сафари Рӯҳонӣ ба Фаронса дар мавриди аз сӯи Теҳрон харидани 118 ҳавопаймои ширкати Airbus ба маблағи тақрибан 27 миллиард доллар созиш ҳосил шуд.

XS
SM
MD
LG