Пайвандҳои дастрасӣ

Эълони интихоботи миёндаврӣ дар Тоҷикистон


Рӯзи 10 апрели соли ҷорӣ дар ду ҳавзаи якмандатӣ интихоботи миёндаврӣ баргузор хоҳад шуд. Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон ин тасмимро рӯзи 4 феврал дар як ҷаласаи худ гирифтааст. Манобеи КМИРТ мегӯянд, ки ин интихоботи миёндаврӣ дар ҳавзаҳои якмандатии интихоботии Фирдавсӣ №1 ва Ҷаббор Расулов №16 ва барои ҷойҳои холимондаи Маҳмадалӣ Ватанзода ва Комилҷон Салимзода - вакилони пешини парлумон - баргузор хоҳад шуд. Ҳоло Маҳмадалӣ Ватанзода ёрдамчии раисиҷумҳури Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ва намояндаи комилҳуқуқи президент дар Маҷлиси олӣ ва Комилҷон Саидзода раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов таъин шудаанд. Маҷлиси Намояндагон ваколати ин ду нафарро қабл аз муҳлат қатъ кардааст.

XS
SM
MD
LG