Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Давлатзод: Баҳои созмонҳо ба Тоҷикистон ҳақиқати кул нест


Умед Давлатзод, муовини вазири рушди иқтисод ва савдо, баҳои созмонҳои байналмилалӣ ба вазъи Тоҷикистонро мунсифона надонист ва гуфт, ки раддабандии онҳо ҳақиқати кулл нест. Ӯ рӯзи 4 феврал гуфт, ки “мақсади мо дар раддабандиҳои байналмилалӣ чемпион шудаву ба ҷойи аввал баромадан нест, балки мақсади мо беҳтар кардани сатҳи зиндагии мардум аст.”

Давлатзод афзуд, бисёре аз раддабандиҳои байналмилалӣ дар баробари Тоҷикистон то ҳоло мунсифона сурат нагирифтааст.

Ӯ дар ин маврид бахусус аз як қазияи марбут ба “Транспаренси Интернешнл” ёдоварӣ кард ва дар ҳузури хабарнигорон гуфт, “солҳои зиёд мавқеи Қирғизистон дар ин раддабандӣ баланд буд, чунки завҷаи яке аз коршиносони ин ниҳод аз Қирғизистон будааст. Замоне ки ин коршинос аз ин созмон рафт, мавқеи Қирғизистон ҳам дар ин раддабандӣ поин рафт. Бинобар ин, набояд ба ин раддабандӣ чун ҳақиқати кул мо бояд муносибат кунем.”

XS
SM
MD
LG