Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Лағви таҳримҳои Эрон ба нафъи Тоҷикистон ҳаст"


Як мақоми Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон лағви таҳримҳои Эронро ба нафъи Душанбе низ донист. Файзиддин Қаҳҳоров - роҳбари раёсати таҳлили макроиқтисодӣ ва ояндабинии ин вазорат, ки 4 феврал бо хабарнигорон суҳбат мекард, гуфт, “лағви таҳримҳо метавонад ба рушди иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2016 то ҳадде кумак кунад”.

Ӯ дар идома гуфт, ки вазорат инчунин пешбинии худро дар мавриди рушди Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон дар соли 2016 бозбинӣ хоҳад кард. Тибқи пешбинии қаблӣ рушди ММД бояд 7 дарсад мешуд. “Бинобар таҳлилҳои созмонҳои байналмилалӣ рушди иқтисоди кишварҳои коршарик – Русия, Қазоқистон, Туркия ва Эрон хуб аст ва бо назардошти ин бояд рушди ММД дар соли ҷорӣ бояд аз порсола хубтар шавад,” – афзуд Қаҳҳоров.

Аммо ӯ гуфт, ҳоло вазорат рақами дақиқеро дар мавриди рушди ММД дар соли ҷорӣ гуфта наметавонад ва хулосаи ниҳоӣ дар ин бора моҳи март эълон хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG