Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Сурия мушовири низомии рус кушта шуд


Рӯзи 1 феврал дар Сурия мушовири низомии Русия кушта шудааст. Дар ин бора хабаргузории “Интерфакс” аз қавли манобеъи Вазорати дифоъи Русия хабар додааст.

Ин мушовири рус, ки номаш эълон нашудааст, ба артиши Сурия дар омӯзиши техника ва силоҳҳои ҷангии ҷадид кумак мекардааст. Ин силоҳу муҳимоти ҷангӣ бар асоси қарордоди миёни Русия ва Сурия ба ин кишвар ирсол мешавад.

Бино ба иттилои манобеъи Вазорати дифоъи Русия, рӯзи 1 феврали соли ҷорӣ ҷангиёни гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” гарнизони низомии артиши Сурияро аз минемёт гулӯлаборон карданд, ки бар асари он ин афсари рус шадидан захмӣ шуда ва ҷон бохтааст.

XS
SM
MD
LG