Пайвандҳои дастрасӣ

Муҳоҷири тоҷикро дар Иркутстк кӣ фиреб медиҳад? Худиҳо ё бегонаҳо?


Шарифбек Наҷмуддинов, аз раҳбарони ҷамъияти "Иттифоқи тоҷикистониён" дар Иркутск.

Шарифбек Наҷмуддинов, аз раҳбарони ҷамъияти "Иттифоқи тоҷикистониён" дар Иркутск.

Масъулони ҷамъияти "Иттифоқи тоҷикистониён" дар Иркутски Русия мегӯянд, ки баъзе аз муҳоҷирони тоҷик дар ин вилоят қурбони фиребкории афроди алоҳида мешаванд.

Дар вилояти Иркутски Русия тақрибан 40 ҳазор муҳоҷири тоҷик кору зиндагӣ мекунанд ва бештари онҳо бо корҳои сохтмон ва тиҷорат машғуланд. Дар ин минтақаи Русия ҷамъияти "Иттифоқи тоҷикистониён" амал мекунад ва масъулони он мегӯянд, ки ҳадаф аз таъсиси ин созмон, ҷамъ овардани муҳоҷирони тоҷик зери як парчам ва корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни ҳамватанон аст, то ба доми фиреби ҳаргуна афрод наафтанд.

Шарифбек Наҷмуддинов, ёвари раиси ҷамъияти "Иттифоқи тоҷикистониён" дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ки бархе аз афрод ба муҳоҷирони тоҷик асноди қалбакиро фурӯхта, боис ба ихроҷи онҳо аз ҳудуди Русия мешаванд.

Ӯ гуфт, "ин одамон худро шахси боваринок ва ҳатто ҳамчун раис муаррифӣ мекунанд ва ваъда медиҳанд, ки дар ҳуҷҷатгузорӣ ба онҳо ёрӣ мерасонанд. Вале дар асл онҳоро фиреб медиҳанд. Дар натиҷа ҳамватанони мо бо ҳуҷҷатҳои қалбакӣ ба даст меафтанд ва аз Русия депорт мешаванд. Тоҷикони мо зудбовар ҳастанд. Барои беҳбудии зиндагии худ ба ин ҷо сафар мекунанд. Вале ин зудбоварӣ боис мешавад, ки ҷарима пардохт кунанд ё депорт шаванд. Ин гуна фиребхӯрдаҳо зиёданд ва ба мо муроҷиат мекунанд."

Озодӣ: Шумо мегӯед, ки баъзе афрод худро миёнарав ё раис эълон мекунанд ва ёрии худро ба муҳоҷирон пешниҳод менамоянд. Онҳо кистанд?

Наҷмуддинов: Миёнаравҳо аз шаҳрвандони мо ҳам ҳастанд ва шаҳрвандони Русия ҳам ҳастанд. Тоҷикони корафтодаро фиреб мекунанд, аз онҳо як миқдор маблағ мегиранд ва ба онҳо ҳуҷҷатҳои қалбакиро оварда медиҳанд. Дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр барои тафтиш аз онҳо ҳуҷҷат мепурсанд. Ин ҳуҷҷатҳои қалбакиро зуд мефаҳманд ва онҳоро ҷарима мекунанд ё аз ҳудуди Русия ихроҷ менамоянд.

Озодӣ: Агар ҷамъияти Шумо ин гуна афродро мешиносад, пас, ба намояндагиҳои расмии Тоҷикистон, яъне ба консулгарӣ ё ба сафорат муроҷиат кардед, то пеши роҳи ин корро бигиранд?

Наҷмиддинов: Ҷамъияти мо бо сафорат ҳамкорӣ дорад ва бо кумаки сафорат ташкил шудааст. Мо барои боздиди кормандони расмии сафорат ба Иркутск дархост дода будем. Чанд рӯз пеш кормандони сафорат ба ин ҷо бо сафари корӣ омада буданд. Дар ин рӯзҳо тақрибан 400-500 шаҳрванди мо дар Иркутск соҳиби шиносномаҳои биометрии Тоҷикистон мешаванд. Вале дар бораи шахсони қаллобу фиребгар муроҷиат накардаем. Мутаассифона, шумораи онҳо як-ду нафар нест. Онҳо зиёданд. Мо ҳамаи онҳоро ҳам намешиносем, ки ному насаби онҳоро пешниҳод кунем.

Озодӣ: Киҳо бештар ба доми фиреби ин гуна шахсон медароянд?

Наҷмиддинов: Шахсоне, ки бори аввал сафар мекунанд, бо қонун ошно нестанд. Онҳое, ки ба мо муроҷиат мекунанд, мо бо онҳо сӯҳбат мекунем, ки чӣ тавр дар чаҳорчӯбаи қонун рафтор кунанд. Дар як моҳ мо як ё ду бор донишҷӯёнро даъват мекунем ва бо онҳо сӯҳбат мегузаронем. Агар мушкилие дошта бошанд, ёрӣ мерасонем.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG