Пайвандҳои дастрасӣ

Қарори Иттиҳоди Аврупо дар мавриди ба Қирғизистон эъто кардани мақоми “Тарҳи умумии афзалиятҳо+” (ТУА+) барои ин кишвар имкониятҳои нави иқтисодиро фароҳам меорад.

Ба иттилои намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Қирғизистон мақоми “Тарҳи умумии афзалиятҳо+” ҷузъи Тарҳи умумии афзалиятҳо (ТУА) барои кишварҳои дар ҳоли рушд аст. Хабар дода мешавад, ки ин тарҳ ба кишварҳое, ки аллакай аз ТУА истифода мекунанд, ангезаҳои нави тиҷоратӣ пешниҳод мекунад.

Густариши имтиёзҳои “ТУА” маънии онро дорад, ки тоҷирони қирғизистонӣ метавонанд бо тарофаҳои арзонтарин ба Иттиҳоди Аврупо маҳсулоти хоҷагии деҳот, амсоли мевагиҳо, меваҳои коркардшуда (шарбат, консерв), хушкмева (чормағз, бодом, писта), маҳсулоти ғизоӣ, тамоку, маҳсулоти бофандагӣ, либосворӣ, маҳсулоти чармӣ ва қолин ворид кунанд.

XS
SM
MD
LG