Пайвандҳои дастрасӣ

$3,4 млрд барои мубориза бо "ғасбкориҳои Русия"


Эш Картер

Эш Картер

Ба гуфтаи вазири мудофиаи ИМА Эш Картер, ниҳоди зери роҳбарии вай барои мубориза бо “ғасбкориҳои Русия” дар соли 2017 ба 3,4 миллиард доллар ниёз дорад.

Ин миқдор маблағ нисбати давраи молиявии гузашта 4 маротиба бештар аст.

“Мо мавқеъҳоямонро дар Аврупо барои ҳимояи кишварҳои НАТО аз ғасбгароён тақвият мебахшем”, - гуфт Картер дар Вашингтон. Вай ҳамчунин афзуд, ин маблағҳо барои ҳузури бештари ИМА дар кишварҳои Аврупои Шарқӣ равона мешаванд.

“Ба ин тартиб, чандин лоиҳа сармоягузорӣ мешавад. Нерӯҳои бештари ИМА дар Аврупо. Машқҳои бештар бо иттифоқчиёнамон. Иншооти бештар барои пуштибонии нерӯҳои мусаллаҳ”, - гуфт Картер. Афзоиши маблағгузорӣ барои муқобила бо Русия – қисме аз буҷаи ҳарбии соли 2017 аст, ки ин буҷа ба 582,7 миллиард доллар расидааст. Ин буҷа дар соли 2017 барои муқобилат ба панҷ хатари асосӣ равона мешавад: хатар аз сӯи Русия, Чин, Куриёи Шимолӣ, Эрон ва гуруҳи “Давлати исломӣ”.

Тавре интизор меравад, вазорат 59 миллиарди иловагӣ барои сармоягузории амалиётҳо дар Афғонистон ва бештар аз 7 миллиарди дигар барои мубориза бо “Давлати исломӣ” дар Ироқу Сурия талаб хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG