Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Димишқ ба расондани ёриҳои башарӣ иҷоза дод


Ҳукумати Сурия ба навоҳии назди Димишқ, ки дар тасарруфи шӯришиён аст, иҷозат дод, то кумаки башардӯстона ворид шавад.

Дар ҳамин ҳол, музокироти сулҳи ин кишвар бо миёнаравии СММ дар Женева аз ибтидо бо мушкилот рӯ ба рӯ аст. Салиби сурх ба ноҳияи ал-Тал барои 3,5 ҳазор хонавода маҳсулоти ниёзи аввалия ва 25 тоннаи мукааб ғизо ворид кардааст.

Намояндагони мухолифин дар музокироти Швейтсария талаб доранд, ки кумакҳои башардӯстона ба 18 ноҳияи муҳосирашуда ворид гардад. Дар ҳоле, ки фиристодаи вижаи СММ Стафан да Мистура бо ҳар кадом ҳайат суҳбати алоҳида баргузор мекунад, аз 1 феврал ба ин сӯ нерӯҳои ҳукуматии Сурия дар шимоли Ҳалаб 3 деҳаи шӯришиёнро ғасб карданд. Ҳамлаи нерӯҳои ҳукуматӣ бо пуштибонии нерӯҳои ҳавоии Русия ҳайатҳои Женеваро ба хашм оварда, идомаи музокиротро зери суол бурдааст.

XS
SM
MD
LG