Пайвандҳои дастрасӣ

Қодири Қосим, раиси Кумитаи давлатии сармоягузории Тоҷикистон гуфт, ки базаи лижаронии "Сафедорак" дар ноҳияи Варзоб ба қимати 1 миллиону 925 ҳазор сомонӣ фурӯхта шудааст. Ӯ рӯзи 3 феврал дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, ки молики нави “Сафедорак” ширкати “Сафед-дара” буда, қарор аст, дар панҷ соли оянда барои инфрасохтори базаи лижаронӣ 45 миллион сомонӣ сармоягузорӣ кунад.

Ӯ гуфт, ба мисли “Сафедорак” се ҷамъияти саҳомии давлатӣ низ дар соли гузашта фурӯхта шудаанд, вале аз онҳо ном набурд. Қодири Қосим гуфт, қарор аст дар соли ҷорӣ 21 ҷамъияти саҳомӣ, ки тамоми саҳмияҳояш дар ихтиёри давлатанд, ба фурӯш гузошта хоҳад шуд.

Яке аз сабабҳои аслии фурӯши корхона ва ширкатҳои бузурги давлатӣ дар солҳои қаблиро раиси Кумитаи сармоягузорӣ талаботи созмонҳову бонкҳои ҷаҳонӣ гуфт.

XS
SM
MD
LG