Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Анҷумани забоншиносони тоҷик доир мешавад


Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон дар назар дорад, ки соли ҷорӣ Анҷумани забоншиносони тоҷикро баргузор кунад. Гавҳар Шарофзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 3-юми феврал зимни нишасти хабарӣ гуфт, ки дар назар аст моҳи октябри соли ҷорӣ Анҷумани забоншиносони тоҷик доир шавад.

Хонум Шарофзода афзуд, ки ин пешниҳод аз сӯи Кумитаи забон ва истилоҳот ироа шуда ва ҳукумати кишвар онро дастгирӣ кардааст. Ба гуфтаи вай, ин чорабинӣ дар Рӯзи забони давлатӣ баргузор мешавад. Аввалин Анҷумани забоншиносони тоҷик ҳанӯз соли 1936 баргузор шуда буд.

Гавҳар Шарофзода дар робита ба ҷорӣ шудани хати форсӣ дар Тоҷикистон гуфт, ки касе барои ин садди роҳ нест ва ҳама ҳуқуқ доранд, ки онро барои фарзандонаш омӯзонанд, чун қонунгузориҳо омӯзиши хатти ниёгонро манъ накардааст.

XS
SM
MD
LG