Пайвандҳои дастрасӣ

Як зодаи Тоҷикистон ба терроризм муттаҳам шуд


Мақомоти интизомии Русия алайҳи як зодаи Тоҷикистон ба иттиҳоми терроризм парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Ба навиштаи сомонаи Додситонии вилояти худмухтори Яҳудистони Русия, ин зодаи Тоҷикистон 21 сол дошта, шаҳрвандии Русияро низ ба даст овардааст.

Ин манбаъ гуфтааст, ки ин ҷавон ба манзури пайвастан ба саффи “Давлати исломӣ” аз Русия тавассути Туркия ба Сурия рафта ва ҳоло дар ҳайати ин гурӯҳ дар ҷангҳо алайҳи нерӯҳои давлати Башор Асад иштирок дорад.

Зимнан, мақомоти Тоҷикистон ба ин боваранд, ҳадди аксари шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Сурияву Ироқ дар саффи гурӯҳҳои тундраве чун “Давлати исломӣ” меҷанганд, маҳз дар Русия ҷалб мешаванд. Дар Русия ҳудудан 1 миллион аз муҳоҷирони тоҷик кору зиндагӣ мекунанд ва мақомот ва коршиносон ин қишри ба сурати умум беҳуқуқро дар муқобили ташвиқу даъватҳои гурӯҳҳои тундрави мазҳабӣ хеле осебпазир мешуморанд.

XS
SM
MD
LG