Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷасади Ҳасан Юсуфовро аз Чин оварданд


Акси Ҳасан Юсуфов

Акси Ҳасан Юсуфов

Тобути Ҳасан Юсуфов - соҳибкори тоҷик, ки ба ҷурми қочоқи маводи мухаддир аз сӯи мақомоти Чин ба қатл расидааст, субҳи барвақти 3 феврал аз Урумчӣ ба Душанбе оварда шуд. Баҳодур Юсуфов, бародари Ҳасан Юсуфов, рӯзи чоршанбе ба Озодӣ гуфт, ки намози ҷанозаи ӯ соати 13 дар масҷиди “Ҳаёти нав”-и Душанбе баргузор хоҳад шуд.

Ӯ гуфт, дар асл мақомоти Чин ҷасади онҳоеро, ки ҳукми қатлашон иҷро мешавад, ба наздиконашон намесупурдаанд. “Аммо бо талошҳои сафорати Тоҷикистон дар Чин онҳо ба таври истисноӣ ҷасади бародарамро ба мо доданд,” - гуфт Баҳодур.

Ҳасан Юсуфов, соҳибкори тоҷик, панҷ сол пеш дар Урумчӣ бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир дастгир шуда, ба ҳукми қатл маҳкум гардид. Хонаводаи ин соҳибкори тоҷик мегӯянд, ки то лаҳзаи охирини иҷрои ҳукми қатлаш дар Чин умед доштанд, ӯ эъдом намешавад. Вале Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфт, ки тамоми талошҳо барои тағйири ҳукми қатли Ҳасан Юсуфов дар Урумчии Чин бенатиҷа анҷом шуда ва эъдоми ӯ рӯзи 28 январи соли ҷорӣ сурат гирифтааст.

XS
SM
MD
LG